ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст
ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», якшанбеи якуми моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгорон эълон гардидааст. Бо назардошти баланд будани шаъну эътибори муаллим бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия гардида, дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсади лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» баланд бардоштани мақоми омӯзгор, омодасозӣ, иҷрои самараноки уҳдадориҳо, таъмини ҳуқуқ ва кафолатҳои иҷтимоии омӯзгор буда, кафолати аз ҷониби давлат фаъолияти озоди касбӣ кардани омӯзгорро таъмин намуда, заминаи устувори меъёрии ҳуқуқиро барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа таъмин менамояд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз 6 бобу 16 модда иборат буда, масъалаҳои принсипҳои асосии мақоми омӯзгор, ҳуқуқу уҳдадориҳо, тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, аттестатсия ва дараҷаи тахассусии омӯзгор, маҳдудият ва дахлнопазирӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ, кафолату ҳавасмандгардонӣ барои омӯзгор ва ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи ин қонунро дар бар мегирад.
Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», дар муассисаи таълимӣ барои фаъолияти омӯзгор шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муваззаф гардидааст, ки мунтазам дар доираи имконияти буҷети маҳаллӣ барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии онҳо (махсусан дар шароити деҳот) тадбирҳои амалӣ андешанд.
Барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор, бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дар вақти фаъолият ҷалб накардани омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ дар сархати 12 моддаи 5 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» чунин меъёр пешбинӣ карда шуд: яъне «дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ хизмати ҳатмии ҳарбии омӯзгор ба таъхир гузошта мешавад».
Баъдан дар қисми 2 моддаи 11 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бартарият дода шуд, ки таҳсилоти олии дуюми равияи омӯзгориро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ройгон гиранд.
Тибқи боби 3, моддаи 8-и қонун ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор зери ҳимояи давлат қарор доранд. Ҷалб кардани омӯзгор ба кору намудҳои фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия алоқаманд нест, манъ аст. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва назорати соҳаи маориф ва илм мавриди санҷиш ва назорат қарор дода мешавад.
Инчунин давлат барои ҳифзи саломатии омӯзгор тадбирҳои зарурӣ меандешад. Омӯзгор аз муоинаи тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гузаронида шуда, дар муассисаҳои тиббии давлатӣ бо хизматрасониҳои солимгардонӣ фаро гирифта мешавад.
Ҳамзамон дар боби 4, моддаи 11-и қонун дарҷ шудааст, ки омӯзгорро ба фаъолияте, ки ба раванди таълиму тарбия вобаста намебошад, ҷалб накунанд.
Тибқи қонун, барои омӯзгор уҳдадориҳо низ пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, дар боби 2, моддаи 6 омадааст, ки “омӯзгор бояд, таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, атрофиён, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия намояд. Бо таълимгирандагон, новобаста аз миллат, нажод, дин ва вазъи иҷтимоӣ, муносибати беғаразона намояд”.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Профессори Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон: «Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ чун «Меъмори дипломатияи об» мешиносанд»
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода: «Яке аз дастовардҳои муҳими Ваҳдати миллӣ эҳё ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад»
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад
Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд: «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беназир аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ТАҲКИМБАХШИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 150 кВт ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоиш баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби тарбуз 90-95 фоиз об ва витаминҳои муҳим мавҷуд аст
Дар фасли тобистон чӣ гуна ташнагиро бе зарар расондан ба саломатӣ рафъ созем?






