Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзии ноҳияи Данғара ҳисобида мешавад

Октябрь 23, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 23.10.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Данғара соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёт ба шумор меравад. Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ буда, соли 2025 дар 5 ҳазору  215 гектар пунбадона кишт гардид. То имрӯз дар ноҳия 12 ҳазору 356 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 115,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Ба иттилои масъулин, кишоварзони ноҳия нақша доранд, ки соли 2026 дар 5 ҳазору 300 гектар пунбадона кишт намоянд.

Данғара аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ба шумор рафта, дар истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум пешсаф мебошад. Дар ноҳия имсол дар беш аз 318 ҳазор гектар гандум кишт карда шуда, 62 ҳазору 734 тонна гандум ҷамъоварӣ гардид.

Гандум муҳимтарин захираи хӯрокворӣ дониста мешавад. Он растании патакреша ва хаспоя буда, донаи сафед, зардтоб, сурх ва бунафш дорад. Инчунин он ашёи муҳими саноати хӯрокворӣ аст. Таҷрибаи зиёди заминдорӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳангоми  кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ рӯёнида ва фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ таъмин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2025 дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара иброз намуданд, ки «мо бояд барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешида, барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳама имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоем. Барои таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, ташкил кардани захираи кофии он, аз ҷумла дар ҳар оила, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва хароҷоти барзиёд ва риояи ҳатмии қоидаҳои сарфаю сариштакорӣ ҳар роҳбар, шахси масъул ва ҳар шаҳрванд бояд муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баланд зоҳир намояд».

Кишоварзони ботаҷрибаи ноҳияи Данғара ҳамасола аз ҳисоби кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзишманд мегузоранд.

Дар ноҳия 30 ҳазору 483 гектар замини корам мавҷуд мебошад, ки аз он 11 ҳазору 292  гектарашро  замини обӣ ташкил медиҳад.

Соли 2025  кишоварзони ноҳия дар  280 гектар пиёз, дар 30 гектар карам, дар 132 гектар бодиринг, 170 гектар помидор ва дар 52 гектар сабзӣ парвариш намуданд. Заҳмати пайваста, риояи агротехникаи кишту парвариш ва дар истеҳсолот афзалият додан ба истифодаи технологияи муосир афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолиро таъмин намуд.

Кишоварзони ноҳияи Данғара дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, содироти маҳсулот ба дигар давлатҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми намоён мегузоранд. Аз ноҳияи Данғара ба дигар давлатҳо ҳазорҳо тонна маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ содирот карда шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 23, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид