Павел Зарубин: «Офарин ба мардуми тоҷик ва роҳбарияти Тоҷикистон, ки дар самти ободонию бунёдкорӣ тадбирҳои муҳим анҷом додаанд»

Октябрь 9, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 09.10.2025./АМИТ «Ховар»/. «Ман пеш аз ин сафар чандин маротиба дар Тоҷикистон будам.  Имрӯз аз дидани рушд ва зебоии шаҳри Душанбе дар ҳайрат мондам. Офарин ба мардуми тоҷик ва роҳбарияти давлати Тоҷикистон, ки дар самти ободонию бунёдкорӣ тадбирҳои муҳим анҷом додаанд», — чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» шореҳи сиёсии барномаи «Москва. Кремл. Путин» Павел Зарубин.

Павел Зарубин афзуд, ки Тоҷикистони офтобӣ бо боду ҳавои мусоид, манзараҳои ҷолибу табиати нотакрораш дили ҳар бинандаро тасхир менамояд.

«Ман аз пешрафту шукуфоии Тоҷикистон хеле хушнуд гардидам. Зеро солҳои охир мамлакати шумо ба пешравиҳои назаррас муваффақ гардидааст. Бунёди биноҳои баландошёна, инфрасохтори гуногуни хизматрасонӣ ва гулгашту хиёбонҳои сабз далели ин гуфтаҳо аст. Ин ҳама пешравӣ аз саъю талоши роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он гувоҳӣ медиҳад», — гуфт Павел ҳамсуҳбати мо.

Павел Зарубин дар ҷараёни суҳбат гуфт, ки «дар маркази матбуотӣ барои инъикоси чорабиниҳои сатҳи баланд тамоми шароити эҷодӣ фароҳам оварда шудааст».

Ёдовар мешавем,ки имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор мегардад. Барои инъикоси ҳамаҷонибаи ин нишаст зиёда аз 600 нафар хабарнигорони дохилию хориҷӣ дар толори маркази матбуотӣ, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил шудааст, ҷамъ омадаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 9, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд