Пешрафти Тоҷикистон тибқи чор самти афзалиятноки Барномаи ОИС-2025 дар Форуми бонкҳои марказии СҲИ арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми даҳ соли охир, сарфи назар аз номуайяниҳои молиявӣ ва фазои мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳон уҳдадории худро дар самти рушди фарогиру устувор ва суботи иҷтимоӣ нигоҳ дошта, дар пешбурди самтҳои афзалиятноки Барномаи Созмони Ҳамкории Исломӣ /ОИС/ -2025 ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷаласаи 7-уми Форуми бонкҳои марказии Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони Ҳамкории Исломӣ (OIC-COMCEC), ки 28–29 сентябр дар шаҳри Истанбули Туркия доир гардид, зимни суханронӣ дар мавзуи «Арзёбии пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи чор самти афзалиятноки Барномаи ОИС-2025» баён намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 32 то 20,4 фоиз коҳиш ёфта, музди миёнаи моҳона якчанд маротиба зиёд гардид. Дар бахши молия дороиҳои бонкӣ қариб се маротиба зиёд шуда, сатҳи қарзҳои ғайрифаъол ба таври назаррас коҳиш ёфт. Дастовардҳои муҳим ҳамчунин дар самти рақамисозӣ ба қайд гирифта шуданд: шумораи муштариёни мобилӣ ва интернетӣ дар даҳ соли охир даҳҳо маротиба афзуда, ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдӣ ба миллиардҳо доллари амрикоӣ расид. Ин раванд барои аҳолӣ ва соҳибкорон имконияти нави молиявӣ фароҳам овард ва ба рушди иқтисоди рақамӣ замина гузошт.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки Тоҷикистон пайваста ба принсипҳои рушди фарогир ва суботи иҷтимоӣ такя карда, ҷонибдори таҳкими ҳамбастагии минтақавӣ ва ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ мебошад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






