Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
ДУШАНБЕ, 08.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон аз 8 то 9 октябр идома ёфта, музокирот дар қолабҳои «як ба як» ва бо ҳайатҳои васеъ баргузор мегарданд. Инчунин имзои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ дар назар аст.
Оид ба натиҷаи вохӯриҳо нишасти матбуотии роҳбарони Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад.
Инчунин Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, иштирок менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






