Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара кӯдакистони №11 ва 8,5 километр роҳҳои дохилиро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 11 ва 8,5 километр роҳҳои дохили деҳаро тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 11 дар деҳаи Пушинг бо мақсади амалӣ намудани дастурҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироагардида аз ҷониби соҳибкорон сохта шуда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз як ошёна иборат буда, дар он барои бо таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 5 моҳ бунёд ёфтааст.
Дар кӯдакистон 4 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, раванди таҳсил бо се забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои хоб, синфхонаҳои барҳавои таълимӣ дар маҷмуъ ҳамаи ин, имконият фароҳам месозад, ки кӯдакон дар шароити хуб таҳсил намоянд.
Баъди ба истифода додани кӯдакистони нав 20 сокини деҳаҳои Пушинг, Алиҷон ва Ғиҷовак бо кор таъмин шуданд.
Бунёди иншооти замонавӣ барои кӯдакони хуштолеъи замони Истиқлол шароит фароҳам сохт, то онҳо дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватандустӣ ба камол расанд ва оянда ба ватани худ содиқона хизмат намоянд.
Соҳибкорони ноҳияи Данғара дар амалӣ сохтани сиёсати созандаи Пешвои миллат, мактаби садоқату боварӣ барои фардои дурахшон, таъмини зиндагии шоиста барои насли имрӯзу фардо ва дар баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносиву худогоҳӣ ва ватандустиву раиятпарварӣ намунаи ибрат гардидаанд.
Навсозии 8,5 километр роҳи деҳаи Пушинг мушкилоти мардумро бартараф ва сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ осон гардонид.
Соли 2019 ба истиқболи 30 – солагии Исиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони деҳаи Пушинг зиёда аз 20 километр роҳи мошингард навсозӣ шуд.
Ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ 8,5 километр роҳи боқимондаи байнидеҳавӣ мумфарш гардид ва бо ин қариб 100 фоизи роҳҳои деҳаи Пушинг навсозӣ шуданд.
Ғайр аз ин, дар доираи корҳои ободонӣ соҳибкорону шахсони ватандӯсти деҳа барои эмин нигоҳ доштани хонаҳои истиқоматӣ аз хатари офатҳои табиии фасли баҳор дар чанд мавзеи селгузар ба масофаи қариб 2 километр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ҷавонмардони бонангу номуси деҳаи Пушингро барои бунёди иншооти таиноти гуногуни иҷтимоиву хизматрасонӣ ва табдил додани деҳа ба як шаҳраки зебову пешрафта шоистаи таҳсин хонданд.
Сохтмони роҳи мошингард ва корҳои соҳилбандӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат бо ҷалби коргарони маҳаллӣ ва техникаи соҳавӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, дар ду шафати роҳ баробари насби сутунпояҳои равшанидиҳанда, ҳамзамон дар масофаи 3 километр қубурҳои обгузар хобонда шудааст.
Ин роҳ барои рафтуомади мардум, роҳи душворгузар ва дар фасли баҳор хатарнок буд.
Аз ҳама муҳим бо анҷоми корҳои соҳилбандӣ дар ин мавзеъ ва бунёди роҳи нав мушкилоти рафтуомади хонандагон ба мактаби навсохт осон гардид. Ҳоло соҳибкорони деҳа бо пайравӣ ба сиёсати созандаи Роҳбари давлат, тадбирҳои ободонӣ, аз ҷумла бунёди роҳу пул, ивази қубурҳои калони обгузар, кашидани хатти оби нӯшокӣ, бунёди зеристгоҳи барқӣ ва иншооти дигари иҷтимоиву хизматраониро дар деҳаи Пушинг идома дода, дар таъмини некуаҳволии мардум ва рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ саҳми худро афзун менамоянд.









35 СОЛИ ПУР АЗ ШАРАФ, ПИРӮЗӢ, ДАСТОВАРД ВА ИФТИХОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и ноҳияи Ёвон бинои иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Деваштич мумфаршкунии беш аз 3 километр роҳ оғоз гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар ноҳияи Ховалинг иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд






