Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Маркази нави саломатиро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корез Маркази нави саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои марказ дуошёна буда, аз 14 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул, иммунизатсия, табобатӣ, доругузаронӣ, барои табибони оилавӣ ва таҳлилгоҳ иборат мебошад.
Бунёди иншоот моҳи феврали соли равон оғоз гардида, дар корҳои сохтмонӣ 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд.
Бинои Маркази саломатӣ дар деҳаи Корез аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду саховатпеша бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтари хизматрасонии тиббӣ ба сокинон сохта шудааст.
Маркази саломатӣ бо таҷҳизоти мухталифи тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад ва дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ ҳамакунун мутахассисони лаёқатманд ба кор ҷалб гардида, бо шароити кории хуб таъмин карда мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мутахассисонро ба хизматрасонии муосири тиббӣ ба аҳолӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳидоят намуданд.
Иншооти соҳаи тандурустӣ туҳфаи арзишманд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинони деҳаи Корези ноҳияи Данғара номида шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






