Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик варзишгоҳи марказиро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар деҳоти Кангурт варзишгоҳи марказиро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 18 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои 6000 ҷойи нишаст мебошад.
Аз моҳи августи соли 2022 бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар маркази деҳоти Кангурт бунёд намудани иншооти муосири варзишиву солимгардонӣ иқдом гирифта шуда, он дар муҳлати 3 сол бо ҷалби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланду риояи талаботи меъморӣ сохта ба истифода дода шуд.
Масоҳати замини варзишгоҳ 13 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар чор гӯшаи иншоот барои гузаронидани бозиҳои футбол чароғакҳои равшанидиҳанда насб шудааст.
Ҳамзамон дар бинои дуошёнаи варзишгоҳ барои меҳмонон, мураббиён ва ровиёни варзиш 12 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави варзишӣ 10 сокини ҳамин деҳа дар он бо кор таъмин шудааст.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони навраси дастаи футболи лигаи дуюми “Сурхоб” суҳбат карда, онҳоро ба дӯст доштани варзиш ва рушди ҷисмониву равонӣ ҳидоят намуданд.
Мавриди зикр аст, ки барои амалисозии ҳадафҳои ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти муосири варзишӣ сохта мешаванд, ки ин тадбир ба рушду оммавигардонии футбол, ва, умуман тарзи ҳаёти солим замина мегузорад.
Дар робита ба ин дар 2 соли охир дар деҳот ва шаҳраки ноҳияи Темурмалик 8 майдонча ва 6 толори варзишӣ ва 4 муассисаи давлатии мактабҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.
Ҳоло дар доираи Барномаи давлатии рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар вилояти Хатлон сохтмони 130 иншоот, аз ҷумла варзишгоҳи ноҳияи Восеъ бо 22 ҳазор ҷойи нишаст, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ва дар ноҳияи Вахш сохтмони варзишгоҳи замонавӣ бо 5 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.









ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






