РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУСИҚӢ. Забони мусиқӣ оламшумул буда, ба тарҷумон ниёз надорад
ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мусиқӣ маҳсуб мешавад. Зеро савту сози мусиқӣ низ чун дигар дастовардҳои инсонӣ бо мурури замон ва гузашти айём пайдо шуда, рушд намудаанд. Аҳамияти санъати мусиқӣ дар баробари дигар навъҳои санъати бадеӣ дар тарбияи насли наврас калон аст. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо ба ин навъи санъат аҳамияти бештар дода мешавад ва шиносо шудани кӯдакон, наврасону ҷавонон бо санъати мусиқӣ ҳанӯз аз овони мактабхонӣ оғоз меёбад.
Тавре сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, санъати мусиқӣ-сарояндагӣ ва навозандагӣ олитарин санъатест, ки инсон барои худ офаридааст ва бо шунидани навозиши ҳар сози он маънии зиндагӣ ва дарки дунёи рангини афсонавӣ пеши назар пайдо мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумуи мусиқӣ тамоми шароит ва имконият фароҳам оварда шудааст.
«Яке аз ташаббусҳои беназир дар ин замина баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мебошад. Шаҳодати ин гуфтаҳо таваҷҷуҳ ва иштироки зиёди иштирокчиёни он мебошад. Дар соли аввали баргузории озмун -соли 2019 дар даври аввал 3852 нафар аз рӯйи панҷ номинатсия иштирок намуданд, имсол дар даври якум 6192 нафар довталаб иштирок кард», — иттилоъ дод Мирзоолим Саидов.
Маҳз таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии зиёди сокинон нисбат ба санъати мусиқӣ буд, ки Сарвари давлат дар соли ҳафтум маблағи онро барои ғолибони ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёд намуданд. Соли ҳафтум аст, ки дар мамлакат бо Амри Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Дар соли аввали баргузории ин озмун барои гирандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойҳои якум — 30 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм — 20 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм -15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шуда буд. Дар соли аввали баргузории озмун танҳо як Шоҳҷоиза муайян гардида буд. Имсол барои ҳар номинатсия як Шоҳҷоиза (дар умум панҷ Шоҳҷоиза) ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои якум — 70 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм — 50 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм -30 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, гузаронида мешавад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар «Кохи Борбад» ба санъаткорони тоҷик иброз намуданд, «одаме, ки мусиқиро дӯст намедорад, инсони комил нест».
Ба иттилои равоншиносон, мусиқӣ аз забони созе бархоста, баёни роз мекунад ва аз баёнаш руҳ оромиш мегирад. Созҳо ба ҳам омада, маънӣ меофаранд, тасалло мебахшанд ва инсон бо шунидани оҳанг ҳамдаму ҳамрози худро меёбад. Забони мусиқӣ оламшумул ва бесарҳад аст. Забони мусиқӣ ба тарҷумон ниёз надорад, аз дил бархоста, ба дил менишинад. Пас, забони мусиқӣ дарки инсонист ва ин дарк дар тафаккури мо маънӣ меофарад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусиқӣ ҳамчун воситаи тарбияи зебоипарастӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-интернатҳои махсуси мусиқӣ, хонаҳои маданият ва коллеҷҳои фарҳанг таълим дода мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба рушди соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Дар Қирғизистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мегарданд
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ховалинг шинос шуданд
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
Иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии Хутали қадим бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар шаҳристони Ҳулбук шинос мешаванд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
Имрӯз дар Бохтар Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим — пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии Осиёи Марказӣ» оғоз мегардад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд






