Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара бо ифтитоҳи корхонаи хишт оғоз ёфт

Октябрь 23, 2025 09:10

ДУШАНБЕ, 23.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, нахуст корхонаи хишти Данғараро ифтитоҳ намуданд.

Тавре иттилоъ доданд, иншооти саноатӣ аз ҷониби Ширкати ватании «Тоҷвар» сохта шуда, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 120 ҳазор дона хишти пухтаро ташкил намуда, дар он 60  сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Хишти ин корхона бо таҷҳизоту технологияи муосири даврзананда истеҳсолу пухта мешавад.

Истифодаи 3 намуди ашёми хом — хоки сафед, гили сурх ва хокаи ангишт дар корхонаи нави саноатӣ имкон медиҳад маҳсулоти босифати ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад.

Ҳудуди умумии корхонаи хишт 12 гектарро ташкил медиҳад ва тавре мутахассисон иброз доштанд, маҳсулоти хоми табиии  мавзеъ, метавонад барои пешбурди фаъолияти муназзами корхона солҳои зиёд хизмат расонад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат муҳим арзёбӣ намуданд.

Амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ва татбиқи имтиёзҳо барои намояндагони бахши хусусӣ ба ворид кардани таҷҳизоти муосире, ки дар як вақт чанд амалро иҷро менамояд, замина гузоштааст. Аз ҷумла, роботҳо ба фаъолияти мунтазам ва баланд шудани иқтидори истеҳсолии ин корхонаи саноатӣ мусоидат менамояд.

Иқтидори баланди хатҳои технологӣ ва сарфаи қувваи барқ аз бартариҳои дигари технологияи ин корхонаи нави саноатӣ маҳсуб меёбад.

Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар кишвар 160 корхонаи хишти пухта мавҷуд аст ва ба кор оғоз намудани Корхонаи хишти ноҳияи Данғара дар оянда таъминкунандаи асосии маҳсулоти сохтмонӣ ва рушди тадбирҳои созандагӣ дар ин ва дигар ноҳияҳои наздик мегардад.

Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ барои бунёди ҳамин гуна як корхонаи калон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо иқтидори 36 миллион дона хишт дар як сол асос гузоштанд.

Корхонаи саноатӣ дар давоми як сол сохта шуда, дар он 80 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ифтитоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи хишти ноҳияи Данғара 23.10.2025

Октябрь 23, 2025 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд