Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода доданд.
Технологияи воридшуда имкон медиҳад, ки дар ин корхонаҳо маводи ғизоӣ, намудҳои гуногуни либос ва қубурҳои пластикӣ истеҳсол карда шавад.
Дар ин мавзеи нави саноатӣ зиёда аз 100 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт ва сокинони маҳаллӣ баъди омӯзишу такмили маҳорати касбӣ ба кор таъмин шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро ҷиҳати ворид кардани технологияи нав, таъсиси иншооти истеҳсолӣ, беҳшавии зиндагии мардум, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, саҳмгузории намунавӣ дар таъмини ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар ва заминагузорӣ барои рушди дучанди иқтисоди миллӣ намуна арзёбӣ карданд.
Иқтидори технологии коргоҳи истеҳсоли макарон имкон медиҳад, ки мувофиқ ба дархости мизоҷон то 14 номгӯи маҳсулот тавлид ва ба бозор пешниҳод карда шавад.
Дар ин иншооти нави саноатӣ 10 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд ва ҳадаф истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аст.
Ҳамарӯза сифати маҳсулот санҷида мешавад, то пайваста ба мизоҷон маводи ғизоии дорои сифати баланд пешниҳод шавад.
Дар коргоҳи қубурҳои пластикӣ истеҳсоли маҳсулот мувофиқ ба талаботи бозор ба роҳ монда шудааст. Иншооти нави саноатӣ дар як шабонарӯз барои истеҳсоли то 3 ҳазор метр қубурҳои пластикӣ иқтидор дорад. Дар маҷмуъ қубурҳои пластикӣ бо 4 андоза тавлид мешавад.
Бонувон дар корхонаи дӯзандагӣ баъди омӯзиш ва такмили ихтисос ба фаъолият оғоз намудаанд. Технологияи муосире, ки насб карда шудааст, имкон медиҳад, ки бонувон мувофиқ ба дархости мизоҷон намудҳои гуногуни либосҳои низомӣ, корӣ ва варзиширо омода намоянд.
Дар маҷмуъ дар коргоҳи дӯзандагӣ 85 зану духтари деҳа ба шуғли доимӣ таъмин шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат дастгирии бонувон ва ба ҷойи кор таъмин кардани онҳоро яке аз ҳадафҳои аслии Ҳукумати кишвар маънидод карда, истифодаи бамаврид аз технологияи муосири воридшуда ва истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгў ба талаботи бозорро зарур донистанд.
То ин вақт кишоварзӣ самти асосии фаъолияти сокинони деҳаи Пушинг буд ва дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудани иншооти нави истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ имкон фароҳам овард, ки шумораи зиёди сокинони деҳа дар соҳаи саноат ба шуғл фаро гирифта шаванд ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шавад.
Зимни муарифии маҳсулоти корхонаҳои санотӣ маълумот дода шуд, ки ҳоло дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара номгӯи зиёди маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва либос истеҳсол карда мешавад.
Соҳибкорони деҳаи Пушинг азм гирифтанд, ки бо иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат тавассути ворид намудани технологияи муосир оянда бо бунёди коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ афзоиши истеҳсоли маҳсулотро таъмин намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд ва дар амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвару беҳбудии зиндагии мардум ҳиссагузор бошанд.
Бо таҳкими корҳои созандагӣ дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорон бунёди иншооти нави истеҳсолию хизматрасонӣ барои ободу зебо гаштани деҳа ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти гуногун замина гузошта шуд.
Дар иншооте, ки 24 октябр дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт, зиёда аз 230 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Ҳамаи иншооте, ки дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара имрӯз ба истифода дода шуд, бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ бо мақсади иҷрои намунавии супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии диёр аз ҳисоби соҳибкорону сокинони ҳимматбаланди деҳа бунёд гардидааст.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






