Сертификатсияи стандартҳои ESG барои кормандони Вазорати молия бо намояндаи Nasdaq баррасӣ гардид

Октябрь 17, 2025 15:29

ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои пешбурди маблағгузории «сабз», таҳкими иқтидори ниҳодҳои давлатӣ дар самти устувории иқлимӣ ва иштироки Тоҷикистон дар платформаҳо ва механизмҳои байналмилалии савдои ихтиёрии қарзҳои карбон зимни мулоқоти муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо намояндаи Nasdaq— яке аз бузургтарин биржаҳои электронии ҷаҳон Дмитрий Зелентсов мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, дар мулоқот аз ҷониби намояндаи Nasdaq платформаи Pure.earth, ки аввалин биржаи ихтиёрии ҷаҳон оид ба паст кардани миқдори гази карбон аз атмосфера (carbon removal) ба шумор меравад, муаррифӣ карда шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои ташкили омӯзишҳо ва сертификатсияи стандартҳои ESG-ро барои кормандони Вазорати молия мавриди муҳокима қарор доданд.

Ин тадбирҳо ба рушди захираҳои кадрӣ, баланд бардоштани сифати ҳисоботдиҳӣ дар самти иқлим ва татбиқи принсипҳои рушди устувор дар идоракунии давлатӣ равона хоҳанд шуд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 17, 2025 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд