Шараф Шерализода зарурати таҳкими ҳамкориро дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо таъкид намуд

Октябрь 23, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС), Бонки осиёии рушд (ADB) ва бо иштироки намояндагони кишварҳои минтақа ва роҳбарияти созмонҳо дар мавзуи «Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (CAREC) ва низоми савдои бисёрҷониба: таҳкими ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он» Форуми сатҳи баланд баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода вобаста ба зарурати тақвияти ҳамгироии иқтисодии кишварҳои минтақа ба низоми савдои бисёрҷониба, инчунин таҳкими фаъолият дар чаҳорчӯбаи Созмони умумиҷаҳонии савдо, аз ҷумла раванди узвият ба созмон ислоҳоти сохторӣ, дастовардҳо оид ба содагардонии расмиёти савдо, рушди иқтисоди рақамӣ ва аҳаммияти ислоҳоти низоми савдои бисёрҷониба мавқеи мамлакатро муаррифӣ намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Октябрь 23, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд