РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд

Октябрь 27, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри бостонии Кӯлобро дар нуҳ моҳи соли равон 90 ҳазору 582 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намуданд, ки аз ин шумора 7298 нафари онро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Кӯлоб 44 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 10 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 19 меҳмонхона,  7 мавзеи сайёҳӣ,  4 осорхона, 5 зиёратгоҳ ва даҳҳо тарабхона, чойхона, марказҳои иттилоотӣ ва дигар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ фаъолият доранд.

Шаҳри Кӯлоб дорои таърихи беш аз 2700 сол буда, яке аз қадимтарин марказҳои тамаддуни тоҷикон мебошад. Захираҳои бойи таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ ин шаҳр ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сайёҳии минтақа ва мамлакат ба ҳисоб мераванд.

Маҳсули дастии занони ҳунарманди ин шаҳр диққати сайёҳонро ба ин макон бештар ҷалб намудааст. Чакандӯзӣ, порадӯзӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, табақтарошӣ аз ҷумлаи ҳунарҳое мебошанд, ки на танҳо барои ҷалби сайёҳон, балки ба рушди иқтисоди хонаводагӣ ва афзоиши ҷойҳои корӣ мусоидат менамоянд.

Инчунин ҳунари хӯрокпазии занони ҳунарманд Кӯлобшаҳр ҷузъи ҷолиби сайёҳии ин минтақа ба шумор меравад. Онҳо анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз қабили қалама, таҳмол, оши бурида, оши палав, қурутоб, манту, ширбат, шӯрбо, ширбиринҷ, ширруған, шакароб ва нашоистаро бо маҳорати баланд омода менамоянд.

Сайёҳон ва меҳмонони шаҳр ҳангоми шиносоӣ аз бозорҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ аз ин таомҳои хушлаззат мечашанд ва бо таъми хоси хӯрокҳои миллӣ ошно мегарданд. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, маҳз ҳамин навъи ҳунари бонувони маҳаллӣ метавонад барои рушди сайёҳии гастрономӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.

Бояд гуфт, ки соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат яке аз соҳаҳои афзалиятноку даромаднок буда, аз ин ҳисоб маблағҳои зиёд ба буҷаи давлат ворид гардида, барои рушди иқтисодиёти мамлакат пурсамар истифода бурда мешаванд.

Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба рушди соҳаи сайёҳӣ имконияти хеле калон дорад. Агар ин имконот пурра истифода шаванд, ҳамасола сайёҳони зиёди хориҷӣ ба мамлакати мо барои тамошои маконҳои ҷолиб меоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 27, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд