Ширкати чинӣ ба бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд

Октябрь 22, 2025 15:42

ДУШАНБЕ, 22.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати чинии «Shanghai Electric Group Co., Ltd.» барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ дар Тоҷикистон бо  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ мемонад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Ин ва дигар масъалаҳо дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо раиси Шурои директорони ширкати «Shanghai Electric Group Co., Ltd.» У Лэй дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаи энергетика, аз ҷумла дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия мубодилаи афкор намуданд. Ба ҳайати ширкати чинӣ рӯнамо оид ба имконият ва самтҳои асосии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ҷониби ширкат ба ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ, хатҳои интиқоли баландшиддат, неругоҳҳои барқӣ бо истифода аз партовҳои маишӣ, инчунин таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли таҷҳизоти электромеханикӣ таваҷҷуҳ зоҳир  намуд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2025 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид