СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар доираи он форуми байналмилалӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 16.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) ва дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» дар мавзуи «Синамои Шарқ аз нигоҳи нав» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Дар назар аст, ки дар форум чеҳраҳои маъруфи санъату синамои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ, оҳангсозон, коргардонҳо ва наворбардорони синамо иштирок намоянд.
Зимни форум, аз ҷумла китоби «Навори хотира: Зиндагиномаи Бахтиёр» доир ба зиндагиву фаъолияти коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр гардидааст, расман рӯнамоӣ мегардад.
Инчунин дар доираи синамоҷашнвора дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дарси «Устод ва шогирд», соати 15:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров филми ҳунарии «Қиёми рӯз» ва соати 17:00 дар кинотеатри «Наврӯз» нахустнамоиши филми ҳунарии «Пайроҳаи хашм» намоиш дода мешавад.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






