Соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 148 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара дар олимпиадаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, 148 медал ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ин шумора 37 адад медали тилло, 44 медали нуқра ва 67 медали биринҷӣ мебошад.
Ҳамзамон дар соли таҳсили 2024-2025 хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои фаннӣ 171 медал (14 медали тилло, 23 медали нуқра ва 134 медали биринҷӣ) ва ҷойҳои ифтихорӣ ба даст оварданд.
Соли 2025 дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Данғара 107 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ иштирок намуданд. Аз онҳо 17 нафар ғолиб омада, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 25 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия ғолиб омада, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






