Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор мешавад

Октябрь 15, 2025 14:15

ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор хоҳад шуд, ки ин иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим марҳалаи нав фароҳам меорад. Ин нуктаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар мулоқот бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан дар Душанбе иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Ҷонибҳо дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (UNECE/ дар соҳаҳои энергетика, об ва иқлимро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои ташаббускор ва пешоҳанг дар масъалаи обу иқлим дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Хонум Татяна Молчан аз саҳми назарраси Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об истиқбол намуд.

Таъкид гардид, ки соли 2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор хоҳад шуд. Ин иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим боз як марҳалаи нав фароҳам меорад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 15, 2025 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд