«СОЛИМИИ ЗАН — СОЛИМИИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Гулистон беш аз 200 нафар занон бо муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд

Октябрь 16, 2025 15:45

ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо ибтикори Фонди хайриявии «Музаффар» дар доираи лоиҳаи «Зиндагӣ бе саратон», ки аз соли 2022 дар миқёси  ҷумҳурӣ амалӣ мегардад, иқдоми «Ғамхорӣ наздик аст» оғоз гардид. Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо Маркази тиббии «Диамед» барои ҳифз ва беҳдошти саломатии занони ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ  ба роҳ монда шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Фонди хайриявии «Музаффар».

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур фароҳам овардани имконияти муоинаи тиббии ройгон барои 201 нафар занон аз оилаҳои камбизоати шаҳраки Адрасмон, баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии онҳо ва пешгирии бемориҳои занона  арзёбӣ гардид.

Сокинони деҳоти дурдаст аксар вақт бо сабаби дурии марказҳои хизматрасонии тиббӣ аз манзили зисташон, набудани дастгоҳҳои муосир барои ташхису табобат ва нарасидани вақту маблағ  ба хизматрасониҳои тиббӣ дастрасии кофӣ надоранд. Аз ин рӯ, татбиқи чунин тарҳи иҷтимоӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки дар маҳалли зисташон ройгон аз ташхиси зарурӣ гузаранд.

Интизор меравад, ки ҳамаи 201 зан аз муоинаи ройгон гузашта, дар мавриди пайдо шудани зарурат аз тарафи мутахассисон барои назорати иловагӣ машваратҳои алоҳида мегиранд.

Ҳамзамон бо иштироки коршиносону мутахассисон аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинатологии Тоҷикистон, Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, Филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» дар вилояти Суғд бо занон вохӯрӣ доир шуда, ба онҳо доир ба аҳамияти ташхисҳои саривақтӣ, роҳҳои пешгирии бемориҳои занона, хусусан саратони гарданаки бачадон маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид.

Дар вохӯрӣ инчунин ба аҳамияти иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Фонди хайриявии «Музаффар» дар амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 24 июли соли 2025 тасдиқ шудааст, ҳамчун шарики боэътимоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки  фаъол дорад. Зеро ин лоиҳа — иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам бозгӯи  ҳамкорӣ  дар самти ҳифзи саломатии устувори аҳолӣ, хусусан занон  мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 16, 2025 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид