Сулаймон Зиёзода дар Муколамаи Рим оид ба масъалаҳои об-2025 мавқеи Тоҷикистонро дар самти истифодаи устувори захираҳои об таъкид намуд

Октябрь 16, 2025 12:15

ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар қароргоҳи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) дар шаҳри Рими Италия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар Муколамаи Рим оид ба масъалаҳои об-2025 (Rome Water Dialogue 2025) иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Чорабинӣ таҳти унвони «Об барои кишоварзии устувор ва амнияти озуқаворӣ: гузашта, имрӯз ва оянда» баргузор шуда, ҳадафи он тақвияти ҳамкории глобалӣ дар самти идоракунии устувори захираҳои об барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим мебошад.

Зимни суханронӣ Сулаймон Зиёзода бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври воқеӣ масъалаи обро яке аз самтҳои калидии сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ мешуморад ва пешоҳанги ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки истифодаи оқилона ва идоракунии ҳамгирои захираҳои об омили муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди устувор ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Муовини Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» омода аст ба тавсеаи ҳамкории минбаъда дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ саҳм гузорад.

Дар чорабинӣ намояндагони ҳукуматҳо, коршиносон ва созмонҳои байналмилалӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуданд. Чорабинӣ атрофи чор самти асосӣ, аз ҷумла зерсохтор ва сармоягузорӣ дар соҳаи об, илм ва инноватсияҳои обӣ, тақвияти устувории иқлим ва коҳиши хавфи офатҳои вобаста ба об баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки Муколамаи Рим оид ба масъалаҳои об ҳамчун яке аз платформаҳои муҳим барои баррасии ҳалли амалии мушкилоти глобалии об дар соҳаҳои кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ арзёбӣ мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 16, 2025 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд