ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, чоршанбе, 274-умин рӯзи соли 2025 аст

Октябрь 1, 2025 08:00

1 октябри соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

***

16 сол пеш, 1 октябри соли 2009 дар шаҳри Норак Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди «Хатлон» -ро расман ифтитоҳ намуданд.

***

1 октябри соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 миллиону 486 ҳазору 300 нафар расид.

***

1 октябри соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол бо касби 156 хол мақоми 160-умро ишғол намуд.

***

Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи  байналмилалӣ  оид ба содагардонӣ  ва ҳамоҳангсозии  расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) ҳамроҳ гардид.

***

9 сол пеш, 1 октябри соли 2016 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки  варзишгари тоҷик Ҳамроз Раҷабов дар рейтинги ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии самбо мақоми дуюмро касб намуд.

***

1 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими  сиёсӣ — барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки то моҳи декабри ин сол дар Тоҷикистон филми мустанад таҳти унвони «Пиряхҳои Тоҷикистон» ба навор гирифта мешавад. Ҳамчунин таҳти ҳамин унвон албоми аксҳо таҳия ва нашр мегардад.

1 ОКТЯБР:

Дар Тоҷикистон — Рӯзи даъватшаванда.

***

Дар Тоҷикистон — Рӯзи пиронсолон.

***

Рӯзи байналмилалии мусиқӣ.

Октябрь 1, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд