ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, панҷшанбе, 289-умин рӯзи соли 2025 аст

Октябрь 16, 2025 08:00

16 октябри соли 2013 масоили вақт ва дурнамои  рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ гардид.

***

12 сол қабл, 16 октябри соли 2013 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи саноатии «Суғд Пак» ба кор дароварда шуд.

***

16 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштараки президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.

***

16 октябри соли 2014 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии «United World» мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон посух доданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2014 дар Остона конфронси илмӣ-амалии байналмилалии «Амнияти иттилоотӣ дар дурнамои стратегияи «Қазоқистон -2050» баргузор гардид.

***

16 октябри соли 2017 дар «Кохи Сомон» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ намуданд.

***

16 октябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

***

16 октябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи аълосифат» оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бостоншиносон дар шаҳраки Санҷаршоҳ зиёда аз 14 пораи деворнигораҳоро пайдо намудаанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд.

16 ОКТЯБР:

Дар Тоҷикистон -Рӯзи кинои тоҷик.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии нон.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии анестизиологҳо.

Октябрь 16, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, чоршанбе, 288-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, сешанбе, 287-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, душанбе, 286-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, якшанбе, 285-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, шанбе, 284-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, ҷумъа, 283-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, панҷшанбе, 282-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 октябр, чоршанбе, 281-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, сешанбе, 280-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, душанбе, 279-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 октябр, якшанбе, 278-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст