Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об дар ҷаласаи Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об дар Ҷидда баррасӣ гардид

Октябрь 22, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 22.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2018 инҷониб Раванди оби Душанбе ба платформаи эътирофшудаи ҷаҳонӣ барои муколама ва ҳамкории амалӣ табдил ёфтааст. Ин нуктаро  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи панҷуми Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об, ки 22 октябр дар шаҳри Ҷиддаи  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иброз намуд.

АМИТ  «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ  иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, зеро он рамзи ваҳдат, муколама ва ҳадафи муштараки давлатҳои мо мебошад.

Вазир ба пешоҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим ва қабул гардидани ташаббусҳои мамлакати мо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ишора намуда, гуфт, ки «таҳти ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баргузор гардидани Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид пас аз гузашти беш аз ним аср далели ин аст, ки ин конфронс дар рӯзномаи ҷаҳонии об саҳифаи наве боз намуд».

Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» ва «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» қабул ва амалӣ мегарданд.

Гузариш ба иқтисоди «сабз» яке аз ҳадафҳои стратегии миллии мо буда, он санги асоси дидгоҳи дарозмуддати рушди Тоҷикистон ба шумор меравад. Имрӯз зиёда аз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз неруи обӣ тавлид мегардад ва мо ният дорем то соли 2032  100 фоиз ба истеҳсоли барқи аз манбаъҳои барқароршаванда даст ёбем.

Дар анҷоми суханронӣ Далер Ҷумъа аз ҳозирин барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки баргузории он соли оянда дар назар аст, даъват ба амал овард.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд