«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Барои баҳодиҳӣ ба фаъолияти операторони алоқаи барқӣ озмун гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 27.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳодиҳӣ ба фаъолияти операторони алоқаи барқӣ озмун барои дарёфти ҷоизаи миллии «Telecom Awards Tajikistan 2025» баргузор мегардад.
Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз бо мақсади дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор намудани озмун ҷаласаи Кумитаи тадорукот доир шуд. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ташкил ва гузаронидани озмун мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки минбаъд ин ҷоизаи соҳавӣ ҳамасола байни операторони мобилӣ ва интернет-провайдерҳои ҷумҳурӣ доир мегардад.
Ҳадафи асосии таъсиси ин ҷоиза — такмили сифату суръати хизматрасонӣ дар соҳаи алоқа, рушди рақобати солим ва ҳавасмандгардонии ширкатҳои ватанӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷоизаи миллӣ аз рӯйи 15 категория ва номинатсия; беҳтарин оператори мобилӣ, беҳтарин интернет-провайдер, инноватсияи сол дар соҳаи алоқа, хидмати инноватсионии сол, интихоби муштариён, беҳтарин хизматрасонии муштариён, беҳтарин саҳм дар рушди соҳаи алоқа, лоиҳаи сармоягузории сол, иқдоми иҷтимоии сол, ширкати босуръат рушдёбанда, таносуби нарх ва сифат, беҳтарин ҳалли корпоративӣ, беҳтарин хидмати рақамии сол,зудтарин шабакаи мобилӣ, зудтарин шабакаи ноқилӣ гузаронида мешавад.
Меъёрҳои баҳогузорӣ сифати хизматрасонӣ, таносуби нарх ва сифат, дастгирии муштариён, сатҳи навовариҳои техникӣ ва инфрасохторӣ, масъулияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва инчунин эътирофи коршиносону муштариёнро дар бар мегиранд.
Арзёбии фаъолият бо чанд усул анҷом дода мешавад:
– CATI (пурсиши телефонии муштариён) — барои муайян кардани сатҳи қаноатмандӣ ва садоқати муштариён;
– Mystery Shopping (харидори махфӣ) — арзёбии сатҳи хизматрасонӣ дар нуқтаҳои фурӯш;
– OOKLA Speedtest Intelligence — таҳлили суръат, фарогирӣ ва сифати интернет;
– DMTEL — таҳлили техникии шабакаҳои мобилӣ ва мутобиқат ба стандартҳои байналмилалии ETSI.
Маросими ҷамъбасти озмун ва супоридани ҷоизаҳо моҳи декабр баргузор мегардад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






