Тоҷикистон ҳамкориро бо Қирғизистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия густариш медиҳад

Октябрь 4, 2025 09:25

ДУШАНБЕ, 04.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Санади мазкур дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон дар доираи ҷаласаи 10-уми Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷониби  директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Максат Асаналиев ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳум бар принсипҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ, баробарҳуқуқӣ ва манфиатҳои мутақобил асос ёфта, ба таҳкими робитаҳо байни мақомоти дахлдори ду давлат нигаронида шудааст.

Таъкид гардид, ки татбиқи муқаррароти ин санад ба тақвияти муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон мусоидат намуда, самаранокии талошҳои муштаракро дар мубориза бо коррупсия афзоиш медиҳад.

Ҳамзамон дар доираи ҷаласа вохӯрии Сулаймон Султонзода бо муовини прокурори генералии Федератсияи Русия Петр Городов баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Барномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия барои солҳои 2026-2027 ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо аҳамияти истисноии густариши ҳамкориро, бахусус дар самти муқовимат ба коррупсия ҳамчун омили муҳими таъмини субот ва пешрафти устувор арзёбӣ намуданд.

Санадҳои баимзорасида барои мубодилаи таҷриба, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти муқовимат ба коррупсия имконияти нав фароҳам меоранд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Октябрь 4, 2025 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад