Тоҷикистон ба панҷгонаи давлатҳои бештар осебпазир аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим дохил мегардад
ДУШАНБЕ, 04.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мо хуб дарк мекунем, ки хавфи афзояндаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисодиёти мамлакат нигаронкунанда аст. Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми умумии партовҳои газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ камтар аз 0,003 фоиз дар як солро ташкил медиҳад, аммо бо вуҷуди ин мамлакати мо ба панҷгонаи давлатҳои бештар осебпазир аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим дохил мегардад. Ин матлабро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҷаласаи сатҳи баланди Созмони ҳамкории Шанхай ва Лигаи кишварҳои араб иброз намуд.
Тавре аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 3 октябр дар Ҷумҳурии Қазоқистон аввалин ҷаласаи сатҳи баланди Созмони ҳамкории Шанхай ва Лигаи кишварҳои араб таҳти унвони «Тағйирёбии иқлим ва энергетикаи устувор» баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми зиёди об дар обанборҳои неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон аз ҳисоби пиряхҳо захира мегардад, ки мутаассифона, бо суръати шадид об мешаванд. Тибқи баҳодиҳии коршиносон, пиряхҳои Тоҷикистон дар асри XX тақрибан 30 фоизи ҳаҷми худро аз даст додаанд.
«Боварӣ дорам, ки ҷаласаи имрӯза ба минбари муассир барои мубодилаи озодонаи таҷриба, таҳкими ҳамкорӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳияи қарорҳои мушаххаси муштарак табдил хоҳад ёфт. Қарорҳое, ки ба таъмини ояндаи устувор ва боэътимоди энергетикӣ барои давлатҳои мо ва наслҳои оянда равона мегарданд», — иброз дошт Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа намояндагони Созмони ҳамкории Шанхай, Лигаи кишварҳои араб, вазирони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, муҳити зист, ба роҳ мондани табодули технологияҳо барои гузариши «сабз» ва таъмини амнияти энергетикиро баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






