Тоҷикистон дар самти гузариш ба энергетикаи «сабз» саъю талоши пайваста менамояд
ДУШАНБЕ, 04.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи Стратегияи дарозмуддати рушд Тоҷикистон нақша дорад, ки то соли 2032 пурра ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузарад. Ин нуктаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳамоиши Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) таҳти унвони «Суръат бахшидан ба ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ», ки дар доираи «Kazakhstan Energy Week – 2025» дар Остона баргузор гардид, иброз намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамоиш ба масъалаи тезонидани гузариш ба энергетикаи «сабз» дар Осиёи Марказӣ дар доираи ташаббуси APRECA аз ҷониби IRENA бахшида шуд. Дар он қадамҳои амалӣ оид ба се маротиба зиёд кардани иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва боло бурдани самаранокии энергетикӣ то соли 2030 баррасӣ гардиданд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дурнамои мамлакат дар самти гузариши пурра ба энергетикаи «сабз» ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки «имрӯз тақрибан 98 фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Бо шарофати ин Тоҷикистон ба шумораи давлатҳое дохил мешавад, ки сатҳи пасттарини ихроҷи гази карбон доранд. Ҳадафи дурнамои Тоҷикистон ба даст овардани мақоми комилан «сабз» то соли 2037 мебошад».
Ҳамзамон дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиш масъалаҳои рушди инфрасохтор, ҳамгироии минтақавӣ, маҳаллӣ гардиши истеҳсолот, такмили қонунгузорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ қарор доштанд.
Ҷонибҳо барои суръат бахшидани ҳамкорӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ, мубодилаи таҷрибаҳои пешқадам ва таҳкими амнияти энергетикии минтақавӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






