Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаи захираҳои гидроэнергетикӣ аст

Октябрь 17, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар шаҳри Москва Форуми VIII байналмилалии «Ҳафтаи энергетикии  Русия» оғоз гардид. Дар доираи форум таҳти унвони «Кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар роҳи ташаккули одилонаи энергетикӣ» чорабинии сатҳи канорӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои мубрам марбут ба рушди тақвияти ҳамкории давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар чорабинии сатҳи канорӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа доир ба масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва нақши Тоҷикистон дар ин самт сухан намуд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бузурги обию энергетикӣ ҷонибдори рушди ҳамкории байниминтақавӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва таъмини дастрасии одилона ба захираҳои энергетикӣ мебошад.

Дар мубоҳисаҳо таъкид гардид, ки  давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ воқеияти нави иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба вуҷуд оварда, диди хоси худро дар бораи ояндаи энергетика пеш мебаранд. Ин ба ташаккули шакли  баробарҳуқуқ, мутавозин ва устувори рушди энергетикаи ҷаҳонӣ равона карда шудааст.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 17, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд