Тоҷикистон ва IRENA дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҳамкориро густариш медиҳанд

Октябрь 2, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 02.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши  ҳамкорӣ дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори генералии Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA) Франческо Ла Камера дар шаҳри Остона баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мулоқот дар ҳошияи Ҳафтаи энергетикии Қазоқистон-2025 ва Форуми XVI Авруосиёии KAZENERGY  баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои  марбут ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, офтобӣ ва бодӣ, инчунин табодули таҷриба ва технологияҳои муосирро баррасӣ намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои об таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ мебошад. Истифодаи самараноки онҳо метавонад ба таъмини амнияти энергетикии минтақа, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва рушди энергетикаи «сабз» мусоидат намояд.

Дар айни замон Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли энергияи «сабз» дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф мебошад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 2, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд