Тоҷикистон ва Узбекистон дар самтҳои рушди ҳукумати электронӣ, таҳияи платформаҳо ва ҳамгироии рақамӣ ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Узбекистон омодагии худро барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои ҳукумати электронӣ, таҳияи платформаҳои рақамӣ, рушди иқтидори кадрҳои соҳа ва дастгирии стартапҳо изҳор намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ин тасмим дар доираи мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва Вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Узбекистон Шерзод Шерматов, ки дар доираи форумҳои байналмилалии сармоягузории «Dushanbe invest – 2025» ва «Digital Tajikistan – 2025» баргузор гардид, гирифта шуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба дар самти рақамисозии иқтисод, таҳкими ҳамгироии рақамӣ, мубодилаи таҷриба ва ҷорӣ намудани ҳалли инноватсионии муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳарду ҷониб омодагии худро барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои ҳукумати электронӣ, таҳияи платформаҳои рақамӣ, рушди иқтидори кадрҳои соҳа ва дастгирии стартапҳо изҳор намуданд.
Ин мулоқот марҳилаи муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти технологияҳои рақамӣ ва инноватсия арзёбӣ гардида, ба таҳкими робитаҳои дуҷониба ва рушди экосистемаи рақамии минтақавӣ мусоидат менамояд.
Дар фарҷом ҷонибҳо барои пайгирии масъалаҳои баррасишуда ва ба роҳ мондани тадбирҳои амалӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






