Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Конгресси якуми ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти фарогир дар Алмато иштирок намуд

Октябрь 16, 2025 10:09

ДУШАНБЕ, 16.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки вазирони маориф ва илми якчанд давлат, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ Конгресси якуми ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти фарогир баргузор гардид. Дар  конгреси мазкур  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раҳим Саидзода гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими асоси ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм, бахусус дар самти таҳсилоти фарогир таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Имрӯз дар мамлакат дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ислоҳоте татбиқ мешавад, ки ҳадафи он таъмини дастрасии бештари кӯдакон ба таҳсил, аз ҷумла кӯдакони дорои эҳтиёҷи махсус мебошад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки  дар доираи “Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030” тадбирҳои мушаххас барои густариши таҳсилоти фарогир, аз ҷумла рушди инфрасохтор, навсозии барномаҳои таълимӣ, таҳияи китобҳои насли нав ва таҳкими нақши омӯзгорон пешбинӣ шуда, давра ба давра амалӣ мегарданд. Дар доираи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои амалии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо дар самти беҳтарсозии омодагии кӯдакон ба мактаб, навсозии барномаҳои томактабӣ бо назардошти ниёзҳои кӯдакони маъюб аз ақаллияти миллӣ, таҷҳизонидани муассисаҳои томактабӣ, боло бурдани савияи тахассусии кормандони соҳа, ҷалби волидон ва ҷомеа идома дорад.

Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи таҳия ва нашри китобҳо барои намояндагони ақаллияти миллӣ мавқеи пешсафро соҳиб аст, ки ин нишондиҳандаи муҳимми пешрафт дар соҳаи таҳсилоти фарогир мебошад.

Ҳамчунин  баён  гардид, ки ин ҳамоиши байналмилалӣ ба таҳкими муносибатҳои устувор дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм мусоидат намуда, дӯстӣ ва эътимод байни давлатҳоро боз ҳам мустаҳкам месозад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 16, 2025 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд