Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Эрон масъалаҳои иҷрои протоколи Комиссияи муштараки байниҳукуматиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи панҷуми Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об дар шаҳри Чиддаи Арабистони Саудӣ маҷмуи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва ҷараёни иҷрои протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Шероз ба имзо расида буд, баррасӣ ва натиҷаҳои он қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, иҷрои протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак зимни мулоқоти ҳамраисони Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ- Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободӣ баррасӣ карда шуд.
Мусоҳибон вобаста ба ҷаласаи навбатии Комиссия, ки баргузории он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, табодули афкор намуданд.
Дар идома ба муҳтавои масъалаҳое, ки дар ҷаласаи панҷуми Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об баррасӣ шуданд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», ки ҳудуди 4-5 фоизи ҳаҷми умумии неруи барқи истеҳсолшавандаро таъмин менамояд, изҳори қаноатмандӣ карда, онро намунаи ҳамкории муваффақи Тоҷикистону Эрон дар соҳаи энергетика номид.
Ҳарду ҷониб дар анҷом барои боз ҳам тақвият додани робитаҳои мутақобил, хусусан дар самти энергетика ва захираҳои об изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






