«ЗАБОН-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад

Октябрь 3, 2025 08:48

ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон-ҳастии миллат» силсилаҳамоишҳо баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллатҳо ва халқият эътироф шудааст. Ба ин муносибат ҳамасола 5 октябр- Рӯзи забони давлатӣ бо баргузории ҳамоиш ва конфронсҳои сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз намуда буданд, ки  «ҳар фарди ҷомеа, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ ҳангоми суханронӣ аз ин сарвати сарвати бебаҳо бояд чунон истифода барад, ки сомеъ аз гуфтори ӯ як ҷаҳон маънӣ бардорад. Зеро забонро беҳуда воситаи муҳими мубодилаи афкор дар ҷомеа нашумурдаанд».

Таъкид карда шуд, ки забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар халқу миллат ба шумор меравад. Яке аз муҳимтарин дастовард дар ин роҳ он аст, ки солҳои охир сафи хушсаводон, бахусус сафи онҳое, ки забони адабии имрӯзаи тоҷикро арҷгузорӣ менамоянд, рӯз то рӯз меафзояд.

Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Он дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Октябрь 3, 2025 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд