ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ҚУДРАТ ВА ИЛМУ ТАҲСИЛ. Андешаҳо оид ба бузургдошти забони давлатии Тоҷикистон

Октябрь 4, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 04.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Забони давлатӣ яке аз ҷузъҳои асосии таҳкимбахшандаи ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ буда, берун аз марзи Ватан муаррифи миллати бошарафи тоҷик ва меросбари миллати ориёӣ мебошад. Чунин изҳор намудааст дар мақолааш раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар ҳошияи Рӯзи забони давлатӣ.

— Забони тоҷикӣ забони қудрат буданашро дар ду давраи муҳими таърихӣ исбот кард: якум дар аҳди Сомониён ва сониян дар давраи Истиқолияти давлатии Тоҷикистон. Чуноне медонем, дар давраи хилофати араб забони арабӣ  чун забони давлатдорию коргузорӣ ва илму таҳсил қарор гирифта буд ва забони тоҷикӣ чун забони илм касб намеёфт. Арабҳо мегуфтанд,  ки забони тоҷикӣ  забони қиссаҳои шаб аст, забони достони хусравон аст, барои илму дафтардорӣ ба кор намеояд. Амирони Сомонӣ  исбот карданд,  ки забони тоҷикӣ-форсӣ дар ҳама шохаҳо қудрат дорад. Аввал фатво   гирифтанд ва Қуръонро тарҷума карданд. Чун Қуръон ба хубӣ тарҷума шуд, дигар шак намонд, ки дар соҳаҳои дигар ҳам метавон ин забонро ба кор бурд.

Ҳақиқатан ҳам дар замони Сомониён  забони тоҷикӣ дар ҳама соҳаҳо амал кард ва яке аз муқтадиртарин забонҳои ҷаҳон шуд. Сониян, пас аз суқути тӯлонӣ забони модарии мо танҳо забони хонавода ва он ҳам марбут ба гӯишҳои минтақаву маҳал буд- на дар дафтардорию коргузорӣ истифода мешуд, на дар давлатдорӣ ва на забони илм буду  на таҳсил.

22 июни соли 1989 «Қонуни забон» бо талоши фарҳехтагони тоҷик, бахусус Муҳаммадҷони Шакурӣ, Лоиқ Шералию Муъмин Қаноат қабул гашт. Миллати тоҷик ба забони хеш соҳибдорӣ кард. Бояд гуфт, ки Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, мутафаккири забоншинос Садриддин Айнӣ дар бораи масоили забони тоҷикӣ, таърихи он, рушд ва пайванди забони имрӯза бо забони классикӣ, баҳрагирӣ аз ғановати забону гӯйишҳои маҳаллӣ барои такмили забони меъёр, ислоҳи забонҳои асарҳои алоҳидаи нависандагон, забони матбуот, наздик намудани забони гуфторӣ ва навишторӣ, инкишофи забони адабӣ ва луғатшиносӣ асару мақолаҳои зиёде таҳия намудааст, ки то ҳол арзиши илмию амалиашонро аз даст надодаанд.

Ҳамчунон рушду нумуи ин забони тоза мақомгирифта бо баробари соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон бо суръати тез пеш мерафт, дарди забон даво ёфт, вале  бо оғози ҷанги бародаркуш дигар мардум ба ҷойи дарди фарҳангу забон, дарду доғи фарзанду пайвандон, дарди меҳану дарди нон доштанд.

Бо тадбирҳои сулҳҷӯёна ва амалҳои ваҳдатофаринонаи фарзанди фарзонаи миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар мамлакат оташи ин ҷанг хомӯш гашт ва  қадам ба қадам марҳилаи  рушди иқтисодию фарҳангии мамлакат оғоз ёфт. Бо баробари он масоили  эҳёи фарҳангу забон ва ойини ниёгон таҷдиди назар карда шуд. 5 октябри соли 2009 «Қонуни забон» бори дигар тағйиру таҳрир ёфт. Забони тоҷикӣ мақоми олӣ гирифт, забони давлатӣ, забони маориф, илм, техника, таҳсил, забони коргузорию номгузорӣ гардид ва мувофиқ ба қавли  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «забони миллӣ симо ва пайкари миллат» шуд.

Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири забони тоҷикӣ давраи Сомониён дубора такрор ёфт. Боз забони тоҷикӣ дар сатҳи баланди давлатӣ коргузорӣ карда мешавад ва аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ садо медиҳад. Ин забон ҳамчун забони қудрат шинохта шудааст ва ба тамоми ниёзҳои замон посух мегӯяд. Дар соҳаи илму техника забони мо кашшоф аст. Дар асри технологияҳои навин ҷавонони мамлакат дониш ва иттилоотро бо забони модарӣ дармеёбанд, ки ин калиди  рушди илми миллӣ мебошад.

«Забон нишонаи асосии ҳастии як миллат аст» — гуфта буданд, Сарвари давлат. Воқеан бо талошҳои бесобиқаи Роҳбари давлат забон ва андешаронии миллӣ манфиатҳои миллатро таҷассум намуд. Аз ин рӯ ҳар яки мо муваззаф ҳастем, ки бо гуфтори шево ва оташин ва забони нобу холис симои забонро зебо  ва пайкари онро тавоно нигоҳ дорем.

Ҷовидон зӣ, эй забони донишу фарзонагӣ,
То ба гетӣ нур бахшад офтоби ховарӣ!
Тоҷикиро пос медорем, зеро гуфтаанд:
Қадри зар заргар шиносад, қадри гавҳар ҷавҳарӣ!

Октябрь 4, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд