САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДУШАНБЕ, 15.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Чашмаҳои шифобахши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Гармчашма, Сист, Баршор, Авҷ, Даршай, Бибӣ Фотимаи Заҳро, Вранг, Ширгин Ҷелондеҳ ва Зонг таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб ва барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи воқеӣ мегузоранд. Дар 4 осоишгоҳи вилоят барои истироҳати меҳмонон, сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити мусоиди истироҳату табобат фароҳам оварда шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.
Яке аз ин чашмаҳои оби минералидошта чашмаи «Авҷ» мебошад. Шифохонаи ин чашма дар масофаи 80 километр аз шаҳри Хоруғ, 27 километр поёнтар аз маркази ноҳия дар соҳили дарёи Ишкошим, дар баландии 2415 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Ҳарорати оби чашма 37-38 дараҷа гарм мебошад.
Тавре табибон иброз медоранд, оби чашма барои табобати бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, тарбоди дил, баландшавии фишори хун, узвҳои ҳозима, ҳамаи намудҳои илтиҳоби доимии меъда, захми меъда ва рӯдаи 12-ангушта, кулунҷи доимӣ (колит), ҷигар, талхадон, маҷроҳҳои талхагузар, санг ва реги талхадон, вайроншавии мубодилаи моддаҳо, санги гурда, бемориҳои гӯшу гулу ва чашм шифо мебахшад. Оби чашма чун нӯшокии муолиҷавӣ, ҳамчунин барои шустани меъдаву рӯда тавсия дода мешавад.
Олимон муайян кардаанд, ки таркиби кимиёвии оби ин чашма ба навъи обҳои шифобахши гази карбондори сустмаъданноки гидрокарбонату сулфату калсию магнийдори ширгарм дохил мешавад. Таркиби химиявии оби Авҷ ба оби нарзани сулфатдори Кисловодски Федератсияи Русия монанд аст. Дар таркиби оби шифобахш кислотаи силитсий, гази карбон, элементҳои маъданҳои умумӣ, элементҳои «ангезандаи ҳаёт», монанди литий, оҳан, никел, фтор, рӯҳ ва бром мавҷуданд.
Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, шифохона соли 1976 дар заминаи чашмаи Авҷ сохта шудааст. Аз ҳамон солҳо оби он ҳамчун оби шифодиҳанда дар саросари ҷумҳурӣ шинохта шуда, ҳамасола теъдоди зиёди беморон ба ин макон меоянд.
Чуноне ки дар урфият мегӯянд, саломатии инсон гаронтарин арзиш мебошад. Барои барқарор кардани саломатӣ ва пешгирӣ кардани бемориҳо мардум ба осоишгоҳҳо рафтанро дар солҳои охир пешаи худ кардаанд. Осоишгоҳҳои Тоҷикистон қариб, ки дар тамоми мавсимҳо серодам буда, хизматрасонии онҳо рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст.
Бояд гуфт, ки сайёҳии табобатӣ метавонад дар осоишгоҳҳо, бунгоҳҳои махсуси тиббӣ ё марказҳои тиббӣ бо истифодаи технологияи муосири тиббӣ ва аз сарчашмаҳои табобатии табиӣ амалӣ гардад. Табиати зебоманзари чашмаи «Авҷ» бо оби минералии шифобахши худ ҳамаи ин талаботҳоро доро мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 51 ҳазору 872 нафар сайёҳон ворид гардидаанд. Аз ин шумора 27 ҳазору 59 нафар сайёҳони дохилӣ ва 24 ҳазору 813 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд, ки нисбат ба соли 2024 15 ҳазору 421 нафар зиёд аст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд






