ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Ҷаласаи калидӣ дар «Душанбе-Инвест-2025»

Октябрь 15, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2025 АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест-2025» Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши зеҳни сунъӣ дар таъсиси имконияти нав барои рушди устувор ва ҷалби сармоягузорӣ» ҷаласаи панелӣ доир намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин ҷаласа.

Дар ҷаласаи панелӣ намояндагони ҷомеаи илмӣ, алалхусус Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур, инчунин намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон ва коршиносони байналмилалӣ иштирок намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа мавзуъҳои калидии вобаста ба татбиқ ва ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъиро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт баррасӣ намуданд. Диққати махсус ба афзалияти зеҳни сунъӣ дар самаранокии идоракунии захираҳо, трансформатсияи рақамии идоракунии давлатӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ равона гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода иброз намуд, ки барои рушди устувори иқтисодӣ, афзоиши маҳсулнокӣ, ба тартиб даровардани равандҳои тиҷорат ва вусъатбахшии дастрасӣ ба хизматрасонӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, молия ва кишоварзӣ зеҳни сунъӣ метавонад воситаи муҳим гардад.

Дар ҷаласа муҳимияти рушди сармояи инсонӣ, омодасозии кадрҳои соҳибихтисос ва эҷоди заминаи меъёрӣ, ки ба истифодаи бехатар ва ахлоқии технологияҳои зеҳни сунъӣ мусоидат мекунад, низ таъкид гардид.


Иштирокчиён дурнамои ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷриба ва ҷалби сармояро дар самти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ муҳокима намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» идома дорад, ки майдони калидӣ барои пешбурди сармоягузории «сабз», рушди устувор ва трансформатсияи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ мегардад.

Ташкилкунандагони форум Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Мавзуи асосии форум — «Сармоягузории «сабз»: имконияти имрӯз барои ояндаи устувор» раванди стратегии мамлакатро ба рушди саноат, инноватсия ва гузариш ба иқтисоди камкарбон инъикос менамояд.

Лайло ТОИРӢ,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд