10 ширкати ватанӣ меваҳои хушки Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии GROWTECH/Antalya–2025 муаррифӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 21 ноябри соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия Намоишгоҳи байналмилалии бонуфузи GROWTECH/Antalya–2025 доир мегардад, ки дар он 10 ширкати коркарди меваҳои хушк аз Тоҷикистон иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ширкатҳои ватанӣ дар қатори тақрибан 8000 иштирокчӣ аз кишварҳои гуногуни дунё дар ин намоишгоҳи бонуфузи саноати хӯрокворӣ маҳсулоти нави худро ба 150 000 нафар меҳмонон пешниҳод менамоянд.
Ин намоишгоҳ барои коркардкунандагони меваҳои хушки Тоҷикистон имконияти муҳими густариши бозор, муаррифии маҳсулоти рақобатпазир, баррасии ҳамкории тиҷоратии эҳтимолӣ ва омӯзиши равандҳои нави рушди бозори ҷаҳониро фароҳам меорад.
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ имкон медиҳад, ки иқтидори аграрии мамлакат муаррифӣ шуда, имконияти содиротии истеҳсолкунандагони ватанӣ тавсеа ёбад. Ҳамчунин ҳамкории байналмилалӣ дар бахши агросаноатӣ таҳким дода шавад.
Намоишгоҳи байналмилалии Growtech Antalya яке аз муҳимтарин платформаҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, агротехнология ва агробизнес ба шумор меравад. Он ҳамасола истеҳсолкунандагон, сармоягузорон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ ва хусусии беш аз 120 давлатро муттаҳид месозад.
Ширкатҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ҳамчунин дар муҳокимаҳои панелӣ, семинарҳо ва форумҳои тиҷоратӣ иштирок намуда, дар баҳсҳои судманд оид ба тамоюлҳои охирин ва тағйирёбии бозор фаъолона иштирок мекунанд. Дар ҷараёни чорабиниҳо онҳо дар бораи талаботи бозор ва афзалияти нави истеъмолкунандагон маълумоти муҳим ба даст меоранд, ки ба нигоҳ доштани рақобатпазирӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави рушд мусоидат мекунад.
Иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ на танҳо имконияти васеъ кардани содиротро фароҳам меорад, балки меҳмононро бо таъми нодир ва маҳсули гуногуни меваҳои хушк ва маҳсулоти марбут ба онҳо шинос месозад. Ин намоишгоҳ барои ширкатҳои мамлакати мо марҳилаи муҳиме дар таҳкими робита бо саноати ҷаҳонии хӯрокворӣ ва тасдиқи мавқеяшон дар бозори байналмилалӣ мегардад.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд






