Масъулини вилояти Суғд барои андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи маориф вазифадор шуданд
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар баробари бунёди даҳҳо иншооти соҳаи маориф, дар ҳудуди вилоят биноҳои 54 муассисаи дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 32 бинои муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Инчунин, дар 4 муассисаи таълимӣ хонандагон дар се баст таҳсил мекунанд. Дар ин робита, масъулини сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки доир ба бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта ва ҳалли дигар масъалаҳои соҳа чораҳои мушаххас андешанд. Дар ин хусус 19 ноябр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд зимни таҳлили натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар даҳ моҳи соли равон баён доштанд.
Дар вилояти Суғд 12 ҳазор иншоот бунёд ва нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид. Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, то моҳи сентябри соли 2026 дар 18 шаҳру ноҳия 2 ҳазор иншооти дигар бунёд карда мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар идомаи тадбирҳои созандагию ободонӣ ба бунёди мактабу кӯдакистонҳо таваҷҷуҳи бештар равона карда шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сохтмони 60 кӯдакистон ва 73 мактаб амалӣ гардида, имрӯзҳо бунёди биною синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.
Бинои мактабу кӯдакистонҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, саҳми шарикони рушд ва соҳибкорону шахсони саховатпеша сохта мешаванд. Баъди ба истифода додан мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ аз байн рафта, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳам бештар мегардад.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд 22 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фарогирии беш аз 10 ҳазор хонанда ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 23 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Вале заминаҳои моддиву техникии ин муассисаҳо, бахусус, озмоишгоҳҳо ва таҷҳизоти таълимию истеҳсолии онҳо беҳбудии ҷиддӣ тақозо менамояд.
Раисони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки барои таъмиру таҷдиди муассисаҳои мазкур тадбирҳои амалӣ андешида, барои касбомӯзии шаҳрвандон шароити мусоиди таълимию истеҳсолӣ муҳайё созанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид






