35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Балҷувон 180 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд

Ноябрь 22, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон 257 иншооти гуногун сохта мешавад. То имрӯз 180 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки  70 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар айни замон дар ноҳия 7 меҳмонхона, 5 мавзеи сайёҳӣ, 4 осорхона, 3 ширкати сайёҳӣ, 37 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 4 зиёратгоҳ ва 2 боғи фарҳангию фароғатӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ солҳои охир дар Балҷувон корҳои зиёде амалӣ шудаанд. Беҳтар намудани роҳҳои автомобилгард, бунёди нуқтаҳои хизматрасонӣ ва марказҳои иттилоотӣ барои сайёҳон аз ҷумлаи корҳои ободонию созандагӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор мераванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон

Ноябрь 22, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд