35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода сохтмони иншооти ҷашнӣ идома дорад

Ноябрь 19, 2025 15:07

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода бо ҷараёни сохтмони якчанд иншооти ҷашнӣ, ки дар доираи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидаанд, шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.

Раиси шаҳр бо корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 шинос гардид. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 22 синфхона мебошад. Соҳибкорон ва сокинони деҳа корҳои сохтмониро моҳи майи соли 2025 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода оғоз намуда буданд.

Дар деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода низ сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ оғоз  шуд, ки ҳоло корҳо дар ошёнаи дуюми бино идома доранд. Муассисаи таълимии 111 аз ду ошёна иборат буда, дорои 12 синфхона мебошад.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни шиносоӣ бо сохтмон иброз дошт, ки баробари ба истифода додани бинои  замонавӣ дар он барои насли нав шароиту имконияти муосири таълимӣ муҳайё карда мешавад.

Раиси шаҳри Турсунзода ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42, воқеъ дар деҳаи Ифтихори Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият шинос шуд. Бинои нави муассиса аз ду ошёна иборат буда, дорои 18 синфхона, ду утоқи корӣ ва як маҷлисгоҳ мебошад.

Дар деҳаи Исмоили Сомонӣ низ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Неъматулло Ҳаитов муассисаи томактабии замонавӣ бунёд гардидааст, ки дорои беҳтарин шароиту имконияти муосири таълимӣ мебошад. Кӯдакистон 200 кӯдакро фаро гирифта, дорои тамоми шароиту имконияти замонавӣ аст.

Сокинони заҳматпешаю ободгари Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода дар ободонию пешрафти диёри хеш саҳми арзанда гузошта, минбаъд низ созандагию бунёдкориро идома медиҳанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

 

 

Ноябрь 19, 2025 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд