35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар Панҷакент барқарор карда мешавад

Ноябрь 7, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар шаҳри Панҷакент бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории соҳибкор Матлуб Халифаев Истироҳатгоҳи «Санги сипар» барқарор карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.

Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар канори деҳаи Амондара воқеъ буда, қаблан аз мавзеъҳои писандидаи фароғатии сокинон ва меҳмонони шаҳри Панҷакент маҳсуб мешуд. Чанд сол қабл ба асари омадани сел як қисмати истироҳатгоҳ корношоям гашта буд.

Ҳоло бо ҷалби техникаи калонҳаҷм сойи канори истироҳатгоҳ тоза, ҳавзи болопӯшида, хонаҳои фароғатӣ, ошхона, айвону дигар иншооти он таъмиру таҷдид гардида, бо оғози мавсими ниҳолшинонӣ дар ҳудуди он беш аз ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида мешавад.

Дар маҷмуъ дар шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ, зиёда аз 760 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳоло дар беш аз 220 иншоот, аз ҷумла 48 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 4 бинои муассисаи тандурустӣ, 14 бинои муассисаи таълимӣ, 2 бинои муасссисаи томактабӣ, 10 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, 4 меҳмонхона, 4 бинои маъмурӣ, 15 иншооти варзишӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

 

Ноябрь 7, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад