Аҳамияти ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар самти таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши забони олмонӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндагони ширкати TELC GmbH Винфрид Элвангер ва хонум Қурбанӣ Монассер Фараҳ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи аҳамияти ҳамкориро дар самтҳои таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши забони олмонӣ баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд.
Зимни мулоқот аҳамияти ҳамкорӣ дар самти арзёбии дониш ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати Олмон муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки равобити Тоҷикистону Олмон дар соҳаи меҳнат ва таҳсилоти касбӣ сол аз сол густариш ёфта, саҳми шарикони олмонӣ, аз ҷумла Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи таълими калонсолони Олмон (dvv international), Филиали Ассотсиатсияи Каритаси Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) ва Фонди хазинаи амонатгузории Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (German Sparkassenstiftung) дар рушди бозори меҳнат, такмили малакаҳои касбӣ, дастгирии муҳоҷирон ва ташаббусҳои соҳибкорӣ назаррас арзёбӣ мешавад.
Дар мулоқот иброз гардид, ки ҳамкории нав бо TELC GmbH барои баланд бардоштани савияи дониш, рушди малакаҳои касбӣ ва рақобатпазирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар бозори байналмилалии меҳнат имконияти нав фароҳам меорад. Ин иқдом пойдевори робитаҳои дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории устувори Тоҷикистону Олмонро боз ҳам таҳким мебахшад.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






