Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Кӯлоб беш аз 26 миллион сомонӣ зиёд гардидааст

Ноябрь 23, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 23.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Кӯлоб 382 миллиону 679,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 26 миллиону 409,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.

Дар айни замон кишоварзони шаҳри Кӯлоб аз тамоми техникаи мавҷуда истифода бурда, ба маъракаи шудгору кишти тирамоҳӣ вусъат бахшидаанд. Онҳо мақсад доранд, ки рӯзҳои наздик нақшаи и кишти тирамоҳиро бо сифати баланд анҷом диҳанд.

Дар ин рӯзҳо кишоварзони мамлакат бо истифода аз техникаҳои муосири кишоварзӣ ва дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлими минтақаҳо мутобиқ дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба шудгору кишти ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ вусъат мебахшанд.

Дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб  701  хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд. Бештари онҳо ба  пахтакорӣ, зироаткорӣ, моҳипарварӣ ва дигар самтҳои хоҷагидорӣ  машғул мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Ноябрь 23, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад