Ҳайати сарони кишварҳои аъзои Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар майдони «Дӯстӣ»- дар Маҷмааи ёдгории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» маросими гулчанбаргузорӣ бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарони парлумонҳо ва сарони ҳайатҳои вакилони давлатҳои иштирокчии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд.
Маросим дар фазои тантанавӣ доир шуда, рамзи эҳтиром ба мероси таърихӣ ва давлатдории халқи тоҷик маҳсуб мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 13 ноябр дар толори «Аржанг»-и Кохи Наврӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентҳои кишварҳои иштирокдори Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
Ҳамчунин хотиррасон мешавем, ки имрӯз, 14 ноябр дар шаҳри Душанбе, дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»













Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






