Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ (WTDC-2025) дар Боку иштирок дорад

Ноябрь 20, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 28 ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Конфронси ҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ (WTDC-2025) мегузарад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Конфронси ҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ (WTDC-2025) мақоми олии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) буда, ба масъалаҳои рушди алоқаи барқӣ равона гардидааст.

Дар ин конфронс нақшаи стратегии рушди бахши алоқаи барқии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давраи чор сола оянда қабул гардида, афзалияти соҳа муайян карда мешавад.

Дар конфронс сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло оид ба самтҳои асосии рушди соҳаи алоқа дар ҷумҳурӣ сухан намуд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 20, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд