Ҳайати ҳунарии Театри давлатии академии опера ва балет дар Операи Рим ҳунарнамоӣ менамояд

Ноябрь 23, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 23.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати ҳунарии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ соли 2026 дар Операи Рим ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин театр хабар доданд.

Барномаи ҳунарии кормандони театр бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ намоиш дода шуда, дар доираи он баргузории галаконсерт дар назар аст. Дар он сарояндагони пешбари операю хор таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Елена Тиллоева ва оркестри симфонӣ таҳти роҳбарии Анвар Шоймуродов иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 6 марти соли 2025  дар Театри «Gymnase Marie Bell»-и Париж намоиши театрии ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ таҳти унвони «Дивертисмент» баргузор гардид.

Намоиш аз ҷониби Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «France UNESCO Art Culture» ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса баргузор карда шуд.

Ҳунармандони тоҷик дар саҳнаи ин театри қадимии Париж шоҳкориҳои балети тоҷик, аз ҷумла «Шопенинаи бузург», «Дон Кихот», «Фаввораи Боғчасарой», «Илҳом аз Осиё» ва «Каприз Паганини»-ро намоиш дода, санъати балети тоҷикро пешкаши ҳаводорони асили балет гардониданд.

АКС: Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ

 

Ноябрь 23, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид