Ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, Раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус Наталия Кочанова, Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев, муовини Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Зияфет Аскеров, муовини Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Арманистон Рубен Рубинян, муовини Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ – намояндаи ваколатдори Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Шабданбек Алишев ва раиси кумитаи Маҷлиси Туркманистон Сердар Гайипов иштирок намуданд.
Дар ҷаласа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар доираи раёсати худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба рушди робитаҳои байнипарламентӣ аҳамияти хосса медиҳад.
Иброз гардид, ки Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беш аз сӣ сол ба сифати минбари муҳими мубодилаи таҷриба, ҳамоҳангсозии ташаббусҳои қонунгузорӣ ва таҳияи қарорҳои ба таҳкими ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Созмон нигаронидашуда фаъолият менамояд.
Дар замони хатарҳои нави глобалӣ, ба монанди тағйирёбии иқлим, таҳдидҳои амниятӣ, хавфҳои рақамӣ ва оқибатҳои буҳронҳои ҷаҳонӣ нақши дипломатияи парламентӣ беш аз пеш муҳиму муассир мегардад.
Дар ҷаласаи пленарии Ассамблея иштирокдорон якчанд масъалаи муҳимро оид ба такмили механизмҳои ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аз рӯи лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқии намунавӣ дар бахшҳои иқтисод, тандурустӣ, амният ва мубориза бо терроризм, инчунин ташаббусҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ муҳокимаҳо ва табодули андеша доир шуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки қабули ин ҳуҷҷатҳо заминаи муносиби ҳуқуқиро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои дарозмуддати ҳамкорӣ байни кишварҳо дар фазои Иттиҳод фароҳам меорад.
АКС: АМИТ «Ховар»























Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






