Ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид

Ноябрь 14, 2025 15:02

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 59-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко, Раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус Наталия Кочанова, Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев, муовини Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Зияфет Аскеров, муовини Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Арманистон Рубен Рубинян, муовини Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ – намояндаи ваколатдори Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Шабданбек Алишев ва раиси кумитаи  Маҷлиси Туркманистон Сердар Гайипов иштирок намуданд.

Дар ҷаласа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар доираи  раёсати худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба рушди робитаҳои байнипарламентӣ аҳамияти хосса медиҳад.

Иброз гардид, ки Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил беш аз сӣ сол ба сифати минбари муҳими мубодилаи таҷриба, ҳамоҳангсозии ташаббусҳои қонунгузорӣ ва таҳияи қарорҳои ба таҳкими ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Созмон нигаронидашуда фаъолият менамояд.

Дар замони хатарҳои нави глобалӣ, ба монанди тағйирёбии иқлим, таҳдидҳои амниятӣ, хавфҳои рақамӣ ва оқибатҳои буҳронҳои ҷаҳонӣ нақши дипломатияи парламентӣ беш аз пеш муҳиму муассир мегардад.

Дар ҷаласаи пленарии Ассамблея иштирокдорон якчанд  масъалаи муҳимро оид ба такмили механизмҳои ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, аз рӯи лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқии намунавӣ дар бахшҳои иқтисод, тандурустӣ, амният ва мубориза бо терроризм, инчунин ташаббусҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ муҳокимаҳо ва табодули андеша доир шуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки қабули ин ҳуҷҷатҳо заминаи муносиби ҳуқуқиро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои дарозмуддати ҳамкорӣ байни кишварҳо дар фазои Иттиҳод фароҳам меорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 14, 2025 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид