Ҷаласаи доимии комиссияи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҷаласаи доимии комиссияи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа ҳайатҳои парламентии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.
Дар нишаст ҳайати комиссия лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи шартномаҳои ба истифода додани амвол», «Дар бораи иҷрои кор ва хизматрасонӣ», «Дар бораи шартномаи нигаҳдорӣ», «Дар бораи шартномаҳои миёнаравӣ», «Дар бораи танзими ҳуқуқии мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вакилон ҳамчунин консепсияи лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи платформаҳои рақамӣ ва истифодаи онҳо аз ҷониби иштирокчиён дар муомилоти шаҳрвандӣ»-ро муҳокима менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






