Ҳамкорӣ дар самти ҳисоботдиҳӣ оид ба пардохтҳо ва даромадҳо дар соҳаҳои истихроҷ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҳамкорӣ дар самти ҳисоботдиҳӣ оид ба пардохтҳо ва даромадҳо дар соҳаҳои истихроҷ имрӯз зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари Шурои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ хонум Ҳелен Кларк мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи муколамаи созанда изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва идоракунии самаранокро ҳамчун омили ҷалби сармоягузории устувор ва рушди фарогири иҷтимоию иқтисодӣ таъкид намуданд.
Ҳамсуҳбатон инчунин таҳкими низоми ҷамъоварӣ, боло бурдани нақши ниҳодҳои давлатию бахши хусусӣ дар ҳифзи шаффофият, инчунин баргузории раванди машварат бо ҷонибҳои манфиатдорро иброз дошта, барои рушди ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад






